Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи ВНМО дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ҳамоиш доир гардид. Дар он мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ, дотсент Бахтиёр Шомирзоев ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Нахуст Бахтиёр Шомирзоев баромад намуда, бо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «Солимии ҷомеа боигарии давлат аст».
Зикр шуд, ки инсоният ҳанӯз аз даврони ба дунё омаданаш дар худ бо тарзи ҳаёти солим зиндагӣ намуданро ҷой дода, ба қонунҳои табиат ва инсоният риоя намояд.
Дар идома баромадкунандагон доир ба тарғиби ҳаёти солим, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ маърӯза ироа намуданд. Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.
Ҳамчунин иштирокдорон роҳҳои сироятёбӣ ба ВМНО ва пешгирии онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотима перомуни мавзуи баррасишуда мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил