Тарғиби китобхонӣ
Бо ташаббуси кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ба муносибати Рӯзи китоб чорабинии илмӣ-маърифатӣ доир гардид.
Дар доираи ин иқдом дар бораи аҳамияти китоб дар ҷомеаи муосир маърӯзаҳо шунида шуда, китобҳои тозанашр муаррифӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар мавзуи “Нақши китоб дар ташаккули шахсият" мубоҳиса сурат гирифт.
Ҳадаф аз ин ташаббус тарғиби китобхонӣ, баланд бардоштани завқи хонандагон ба мутолиа ва шиносоӣ бо адабиёти классикӣ ва муосир унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил