​Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом бо сардорони гуруҳҳои академикии бинои таълимии №2 мулоқот намуд. Ташаббуси мазкур ҷиҳати таҳкими тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, тарғиби арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон роҳандозӣ шуд.

Ректори донишгоҳ дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба аҳамияти таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон шарҳ дода, доир ба имконият ва имтиёзҳои ҷавонон дар замони истиқлол таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда дар ҷомеаи муосир нақши муҳим дошта, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ иштироки нишонрас доранд.

Муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр дар мавриди татбиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мудири шуъбаи тарбия Хайёмиддин Исмоилов перомуни пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб ибрози назар намуданд.

Декани факултети забонҳои хориҷӣ профессор Меҳриниссо Абдуллоева таҳкими зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро кафили таъмини амнияти шаҳрвандон унвон намуда, аз донишҷӯён даъват намуд, ки баҳри ҳифзи манфиати миллӣ саҳим бошанд.

Ҳадаф аз мулоқоти мазкур таъмини рушди раванди тарбия дар донишгоҳ ва мусоидат ба натиҷаҳои назарраси фаъолият маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ