​Таъмини зиндагии шоистаи мардум - ҳадафи олии ҳукумати мамлакат

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 санади барномавӣ, таҳлилӣ ва дурнамои рушди кишвар маҳсуб ёфта, тадбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ, бурду бохти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва вазифаҳои минбаъдаро мушаххас ва муайян менамояд.

Дар Паёми имсола Сарвари давлат доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноат, сохтмон, энергетика, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, сайёҳӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, масъалаҳои оила, занону ҷавонон, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат бо терроризм, экстремизм, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, ривоҷи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои дигар, сиёсати фаъоли хориҷиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид гардид, ки соли 2022 барои Тоҷикистон новобаста аз вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин, таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, геопалитикӣ миёни абарқудратҳо, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, низову муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногун, соли бобарор буд.

Дар Паём нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар муқоиса бо панҷ соли охир ва соли 2022 таҳлил ва натиҷабардорӣ гардида, вазифаҳо барои солҳои минбаъда муайян карда гардиданд. Дар панҷ соли охир рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола 7,3 фоиз ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфта, соли 2022 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд. Сатҳи некӯаҳволии мардум ва даромади пулии аҳолӣ 2,1 баробар афзоиш ёфт, ки ин боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 гардид.

Барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ дар панҷ соли охир 900 ҳазор ҷой ва танҳо соли 2022 190 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Пешвои муаззами миллат бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолиро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат арзёбӣ намуда, оид ба омода намудани барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани мутахассисони касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон ба масъулин дастур доданд. Дар ин замина ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки то соли 2026 барои ҷалби шаҳрвандони аз 18-сола боло ба касбу ҳунаромӯзӣ ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораву тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намояд. Ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои ба касбу кори пурмаҳсул машғул шудани мардум ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо такони ҷиддӣ хоҳад шуд.

Барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мунтазам баланд гардидани андозаи маош, нафақаву стипендияҳо ва дигар кӯмакҳои унвониву иҷтимоӣ яке аз омилҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин давра музди миёнаи маош якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт ва аз 1 июли соли 2023 то соли 2025 аз 512 сомонӣ то 836 сомонӣ зиёд кардани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва аз 34 то 152 сомонӣ барои ҳар як кӯдаки чунин оилаҳо дар назар дошта мешавад. Аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз, дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад, ки бароибаланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, даст назадан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизатӣ омили муҳим ба ҳисоб меравад. Беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қорор дошта, аз 1 июли соли 2023 маоши онҳо ба андозаи 20 фоиз баланд бардошта мешавад.

Дастгирии соҳибкорон низ ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат қарор қарор дошта, оид ба имтиёзҳои андоз, соддагардонии бақайдгирии давлатӣ, мораторияву сабукиҳо дар санҷишҳои нақшавӣ ва кам кардани шумораи мақомоти ташафтишу назорати фаъолияти онҳо дар Паёмҳои Сарвари давлат ҳамеша таъкид мегарданд. Дар натиҷаи чунин дастгириҳо ва пуштибонии Ҳукумати мамлакат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2022 ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 87 ҳазор зиёд мебошад. Соҳибкорони саховатманд ҷавобан ба ғамхориҳои Пешво миллат барои ободии кишвар саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 милиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншоотҳои гуногуни таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуд, ки он барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат як барномаи раҳнамунсоз дар самти таъмини пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатва ҳадафи асосии он – таъмини зиндагии шоиста барои тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Шавкат Шарифов, Иброҳим Ҷабборзода устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ