Таълим: 24-уми декабри соли 2018 оғози сессияи зимистона
Санаи 13-уми декабри соли 2018 дар маҷлисгоҳи МДТ ”Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи раёсат баргузор гардид. Ҷаласаро ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшедифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласаи раёсати донишгоҳ сардори раёсати таълим, дотсент Сабуров М.И. роҷеъ ба "Вазъи омодагӣ ба сессияи зимистонаи соли таҳисли 2018-2019,таҳия ва танзими ҳуҷҷатҳои он дар донишгоҳ” гузориш намуда, қайд кард, ки сессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 дар донишгоҳ тибқи қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27 ноябри соли 2018, таҳти №21/35 оид ба «Низомномаи баргузории сессияҳои имтиҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шакли тестӣ (санҷишӣ) бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ-иртиботӣ» ба роҳ монда мешавад. Сесссияи зимистона барои донишҷўёни курси якум ва дуввум аз санаи 24-уми декабри соли ҷорӣоғоз гардида, барои донишҷўёни курси сеюму чаҳорум бошад, аз санаи2-уми январи соли 2019 оғоз мешавад. Ҷадвали имтиҳоноти сессияи зимистона, ки аз санаи 28.12.2018 то санаи 18.01.2019 идома мекунад, аз ҷониби ректори донишгоҳ тасдиқ гардидааст. Дар мувофиқа бо садорати факултетҳо рӯйхати нозирони пешниҳодгардида низ тасдиқ гардида, фаъолияти онҳо аз ҷониби масъулин ба қайд гирифта мешавад. Мутобиқи ҷадвали мазкур имтиҳоноти сессияи зимистона дар чор намуд: тестӣ, эҷодӣ, хаттӣ ва шифоҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 миқдори умумии имтиҳон - фан 3082 адад буда, аз он 2412 адад тестӣ, 348 адад хаттӣ, 188 адад шифоҳӣ, 134 адад эҷодӣ мебошанд. Имтиҳонҳои тестӣ ва хаттӣ дар панҷ баст 8:00- 9:30; 9:30- 11:00; 11:00- 12:30; 13:00-14:30; 14:30- 16:00 ба роҳ монда мешавад. Семинари машваратӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1-уми шӯъбаи рӯзонаи факултетҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати омодагӣ ба сессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 аз санаи 11.12.2018 то 22.12.2018 ташкил ва гузаронида мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил