​Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ва Мавлоно идома дорад

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ва Мавлоно чорабиниҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар факултети забонҳои шарқ таҳти унвони «Мақоми муршиду раҳнамо дар «Маснавӣ»-и Мавлоно» ва “Зи Мавлоно паём омад ба моён” маҳфили илмӣ, дар кафедраи технология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Рӯдакӣ вассоф ва тараннумгари арзишҳои адабии маънавӣ” мизи мудаввар, дар толори факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар мавзуи “Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” хониши сиёсӣ, дар назди кафедраи электроника таҳти унвони “Зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ” мизи мудаввар, бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дар хобгоҳи №1 дчорабинии илмӣ-амалӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гардид.

Инчунин, бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар факултети филологияи тоҷик дар мавзуи “Нақши Балхӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс” ва “Офтоби олами маънӣ” чорабиниҳо доир шуданд.

Ҷараёни ин чорабиниҳоро аксҳо бозгӯ мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ