​Таҷлили Рӯзи огоҳии миллии шахсони имконияташон маҳдуд

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси донишгоҳ “Рӯзи огоҳии миллии шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи байналмилалии ERASMUS + DECIDE “Беҳтар намудани хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” баргузор гардида, яке аз ҳадафҳои муҳими лоиҳа ба ҳисоб меравад.

Чорабиниро ҳамоҳангсози лоиҳа дар донишгоҳ – Ҷамшед Истамқулов оғоз намуда, оид ба фаъолияти чорсолаи татбиқи лоиҳаи ибрози назар намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки дар давраи татбиқи лоиҳа аъзоёни гурӯҳи корӣ дар донишгоҳҳои бонунфузи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз қабили Олмон, Англия, Ирландия, Руминия ва ғайраҳо ширкат варзида, донишу малакаҳои худро сайқал бахшиданд. Инчунин, дар давраи зикргардида ба якчанд чорабиниҳо аз кишварҳои зикргардида намояндагон ташриф оварданд. Гузашта аз ин, барномаи таълимии “Қонеъгардонидани ниёзҳо: муошират ва ҳамкорӣ” таҳия ва татбиқ гардид. Ҷамшед Истамқулов таҳия ва аз нашр баровардни 2 маҷмӯаи мақолаҳо, як монография ва як дастури таълимӣ – “Луғати мухтасари истилоҳоти нуқсоншиносӣ ва тавсифи муфҳумҳо” – ро, ки аз ҷониби гурӯҳи кории лоиҳа омода карда шуда буд, аз дастовардҳои муҳими лоиҳа шуморид.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкур дар як вақт дар чор муассиса баргузор гардид, ки инҳо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, Ташкилоти Ҷамъиятии волидони “Кӯдакони имнонияташон маҳдуд – Рушди инклюзия” ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Дар чорабини шарикони лоиҳа аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Қазоқистону Ӯзбекистон низ ба тариқи маҷозӣ ширкат варзиданд. Профессори Донишкадаи техникии Лимерики Ирладия Ҷералд Каваҳанг ба сухан баромада, оид ба ҳадафу мақсадҳои ниҳоии лоиҳа, муваффақияту дастовардҳои он ҳарф зад. Дар интиҳо дастаи Тоҷикистонро ба ин рӯз табрик намуда,ба кори чорабинӣ муваффақият хост.

Баъдан, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дотсент Гузал Мирсаминова ба сухан баромада, оид ба муносибатҳои байналмилалии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров махсусан натиҷаҳои назарраси лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо аз қабили ERASMUS MUNDUS, TEMPUS ва ERASMUS + ибрози ақида намуд. Қайд карда шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ ба лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо диққати махсус зоҳир менамояд, зеро дар доираи лоиҳаҳои ин ташкилот садҳо нафар муҳассислини донишгоҳ ба донишгоҳҳои бонуфузи узви кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ташриф оварда, аз табодули тҷриба карданд ва ва ҳамчунин, якчанд марказҳои махсусгардонида шуда дар донишгоҳ таъсис ёфтааст. ERASMUS + DECIDE – яке аз лоиҳаҳои муваффақи ин ташкилот ба шуморо меравад, ки дар заминаи он чандин корҳо ба сомон расонида шудааст. Яке аз онҳо таъсиси “Маркази машваратӣ – ислоҳӣ ва таҳсилоти фарогир – ERASMUS + DECIDE”мебошад. Дар маркази мазкур ҳамрӯза З. Раҳмонов бо чандин кӯдакони имконияташонмаҳдуд корҳои ислоҳӣ ва машваратӣ гузаронида, кӯмаҳои амалии худро расонида истодаанд.

Сипас, устодони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус – дотсентон З. Раҳмонов, Ш. Вализода ва сармуаллима С. Зоидова бо маърӯзаҳои худ дар мавзуҳои “Технологияи таълим ва тарбияи таҳсилоти фарогир барои хонандагони синфи ибтидоӣ”, “Сабаб ва омилҳои бозмонии инкишофи зеҳнии кӯдак” баромад намуданд.

Дар интиҳо декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус – Рабиев Сатторбердӣ иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба ҷашни Рӯзи огоҳии миллии шахсони имконияташон маҳдуд табрик гуфта, аз ҳадаф ва махсусияти лоиҳаи мазкур хотиррасон шуд. Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон этибору ғамхорӣ нисбати шахсони имконияташон маҳдуд зиёд шуда истодааст, ки чорабинии мазкур аз зумраи ҳамин тадбирҳо маҳсуб меёбад. Дар интиҳо ба аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳа, ки тӯли чаҳор соли охир заҳматҳои зиёд дар ҷодаи амалигардонии лоиҳаи байналмилалии ERASMUS + DECIDE кашидаанд бо сипосномаҳои Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ