ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рӯзи Дониш бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар саҳни бинои таълимии №1 бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода чорабинии мутантан баргузор шуд.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин чорабиниро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ҳамасола бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи Дониш - Дарси Сулҳ шукӯҳбахши оғози соли нави таҳсил ба ҳисоб меравад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, таъкид намуд, ки тавъам омадани Рӯзи Дониш дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек аст. Дарси сулҳ номаи ҳидояти маорифпарваронаи Пешвои миллат унвон гардид, ки дар қатори нодиртарин ганҷинаҳои Истиқлоли миллӣ қарор мегирад.

Таъкид рафт, ки Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ имрӯз на танҳо яке аз боргоҳҳои бонуфузи таълиму тарбия, балки маркази бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии минтақа ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин муассиса дар тӯли таърихи беш аз 90-сола садҳо олимон, устодони маъруф, зиёиён ва ҳазорҳо мутахассисони баландихтисосро ба камол расондааст, ки дар пешрафти илм, иқтисод, фарҳанг ва сиёсат саҳми назаррас доранд.

«Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва муҳассилини боргоҳ ҳамеша аз таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор буда, таҳти ғамхориҳои Роҳбари олии мамлакат дар амри расидан ба пирӯзиҳои тоза тамоми дониш ва иқтидори худро равона доранд. Хидматҳои илмиву фарҳангии устодони донишгоҳ аз ҷониби давлату ҳукумат ҳамеша қадршиносӣ гардида, даҳсолаи охир то имрӯз 14 нафар устодони донишгоҳ ба гирифтани унвони Корманди шоиста, 3 нафар ордени Шараф, 5 нафар Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар Медали «Хизмати шоиста», 2 нафар ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 61 нафар барандаи ҷоизаи вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, 222 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 180 Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва 240 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, ки ин аз тақдири заҳматҳои устодони донишгоҳ дарак медиҳад» – зикр шуд зимни суханронии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода.

Раиси вилоят пас аз анҷоми чорабинӣ аз дастовардҳои донишгоҳ дидан намуда, ҳамзамон ба 10 нафар собиқадори донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Роҳбарияти вилоят дар назди ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ вазифагузорӣ намуд, ки фаъолиятро дар самти таъмини пешрафти тамоми равандҳои донишгоҳ таҳким бахшида, дар самти тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат чораҳои зарурӣ андешанд.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати ташриф ва таваҷҷуҳу дастгирии пайваста миннатдории ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро баён намуд.

Хотиррасон бояд кард, ки Рӯзи дониш ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад ва он на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки рамзи ҷустуҷӯи маърифат, саодати маънавӣ ва пайванди насли ҷавон бо арзишҳои миллӣ мебошад.

Маросими идона дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва орзуву ниятҳои нек дар роҳи рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷамъбаст гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ