Таҷлили Рӯзи артиш дар кӯдакистон
Дар Муассисаи давлатии“Кӯдакистони Президентӣ”-и вилояти Суғд силсилачорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ зери унвони “Имруз кӯдак –фардо сарбоз!” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби таҷрибаомӯзони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ роҳандозӣ гардиданд. Чорабинӣ бо иштироки мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ дотсент Назирҷон Пӯлодов, декани факултет дотсент Муқаддас Шарифиён ва устодон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кӯдакон либосҳои ҳарбӣ ба бар карда, дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, садоқат ба Ватан, сарбоз ва ғайра шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯстона қироат намуданд.
Ҳамчунин барномаи фарҳангӣпешкаш гардид, ки дар он хонандагон композитсия бахшида ба Рӯзи- Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурудҳои гурӯҳибахшидатаҳти унвони”Аскарон”, Тоҷикистон, Ватансароида шуд,инчунинрақси гурӯҳи дар иҷрои духтаронва писарон манзур гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ мазкур бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди кӯдакон маънидод гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил