Таҷлили мутантан аз Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
Устодону донишҷӯён ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рӯзи донишро дар фазои сулҳу субот ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ таҷлил намуданд.
Ба ин муносибат дар бинои таълимии №1 бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз ин иқдом сазовор пешвоз гирифтани оғози соли нави таҳсил ва таҷлили мутантани Рӯзи дониш унвон мешавад.
Нахуст, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз дастовардҳо, лабораторияҳои таълимию илмии факултетҳои физика ва техника, математика, биология-химия дидан намуда, инчунин бо шароит ва имкониятҳои синфхонаи нақшакашӣ ва арт - галерея дар факултети санъати тасвирӣ ва технология шинос шуданд.
Зимни суханронӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода устодону донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба Рӯзи дониш табрик гуфта, ҷиҳати расидан ба дастовардҳои тоза ва пирӯзиҳои навин дар самти омӯзиши илму дониш ва тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ барору комёбӣ орзу намуд.
Таъкид гардид, ки имсол Рӯзи дониш дар арафаи рӯйдоди муҳими таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки рамзи нек маҳсуб меёбад.
Раиси вилоят соли нави таҳсилро, ки ҳамасола бо Дарси сулҳ оғоз меёбад, воқеаи фараҳбахш ва самараи истиқлоли давлатӣ унвон намуда, аз нақшу саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳаи маориф ва илми мамлакат сухан намуд.
Зикр шуд, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва Роҳбари давлат пешбурди соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа мавқеи намоён дорад. Бахусус, таъсису тавсеаи фаъолияти муассисаҳои нави миёнаву олии таълимӣ, ба вуҷуд овардани низоми чандзинагии таълиму омӯзиш аз иқдоми наҷибест, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба Раиси вилоят ҷиҳати ташриф ва таваҷҷуҳу дастгирии пайваста миннатдории ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро баён намуда, перомуни аҳамияти баргузории дарси сулҳ суханронӣ намуд. “Дарси сулҳ ва рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид созем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ - мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб намоем”- афзуд ректори донишгоҳ.
Бо вазифагузорӣ аз ҷониби роҳбари вилоят ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои устодону донишҷӯён ва расидан ба дастовардҳои баландтар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш анҷом ёфт.



Маркази иттилоот ва таҳлил