​Таҷлили бошукуҳи Рӯзи омӯзгор дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Рӯзи омӯзгор бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ чорабинӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро ба муносибати фарорасии Рӯзи омӯзгор самимона табрику таҳният гуфта, саодати рӯзгор, тансиҳатӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунанд ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳанд.

Гуфта шуд, ки қадршиносии омӯзгорон бо ҷоизаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмин гардидани кормандони соҳаи маориф ва илм бо хонаҳои хизматӣ далели равшани арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон маҳсуб меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои илмиву фарҳангии устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамеша қадршиносӣ гардида, давоми даҳсолаи охир 16 нафар устодони донишгоҳ ба гирифтани унвони Корманди шоиста, 4 нафар ордени Шараф, 5 нафар Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар Медали «Хизмати шоиста», 2 нафар ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 1 нафар донори ифтихории Тоҷикистон, 53 нафар барандаи ҷоизаи вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, 210 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 170 Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва 236 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидаанд.

Ректори донишгоҳ аз саҳми омӯзгорони донишгоҳ ҷиҳати тарбияи мутахассисони арзандаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат таъкид намуда, хидмати онҳоро дар самти таъмини рушди соҳаи илму маорифи тоҷик назаррас унвон намуд.

Қайд гардид, ки рисолати омӯзгор дар назди миллату давлат тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва таъмини сифати баланди таълим маҳсуб ёфта, ҳидояти донишҷӯён ба роҳи рост, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва муносибати арзанда ба арзишҳои муқаддаси миллӣ масъулият ва уҳдадории намояндагони ин касби пуршараф аст.

Ҷиҳати ҳавасмандгардонии устодони донишгоҳ 2 нафар бо унвони “Аълочии маориф ва илм”, 55 нафар собиқадорон ва омӯзгорони ҷавони донишгоҳ бо Ифтихорномаи ректори донишгоҳ, 35 нафар бо туҳфаи хотиравӣ ва 43 нафар бо қайди раҳматнома дар дафтарчаи меҳнатӣ сарфароз гардиданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардид, ки ба чорабинии тантанавӣ мазмуни бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ