​Таҷлили ҷашни Наврӯз дар хобгоҳи №9

Дирӯз дар хобгоҳи донишҷӯёни писаронаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси муррабби он Муҳаммадшафақ Юсуфӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз таҷлил гардид.

Дар оғоз Муҳаммадшафақ Юсуфӣ баромад намуда кулли иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни аҷдодӣ табрик намуд. Зикр шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз мақоми ҷаҳониро ба худ касб намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби донишҷӯён намоиши саҳначаҳо, қироати шеъру суруд, барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ