Таҷлил аз Рӯзи омӯзгор
Чунин унвон дошт чорабинии тантанавӣ, ки донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ дар доираи таҷрибаомӯзии хеш дар муассисаи таҳсилоти умумии рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил намуданд. Ин иқдом аз ҷониби таҷрибаомӯзони ихтисоси форсӣ-англисӣ ба роҳ монда шуда, ба муносибати Рӯзи омӯзгорон доир гардид. Дар чорабинии мазкур устодон, омӯзгорони муассиса ва факултети забонҳои шарқ иштирок карданд.
Чорабинӣ бо суруди хор дар иҷрои хонандагон ифтитоҳ ёфт. Дар рафти чорабинӣ хонандагон бо забони англисиву русӣ вадар васфи устод, муаллим ва омӯзгор гуфторҳо қироат карданд.
Ҳамзамон, суруди “Тоҷикистон ба пеш” манзури иштирокчиён гардид, ки ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо сохт.
Дар фарҷом корманди кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ Мадумаров Нишонбой омӯзгоронро ба муносибати Рӯзи касбӣ табрик гуфта, барояшон дастовардҳои нек орзу намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил