​Таҷлил аз Рӯзи ҷавонон: “Ҷавонон – нерӯи пешбар ва созанда”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хос таҷлил намуданд. Ба ин муносибат бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ дар тарабхонаи “Мирзоҳабиб”-и Хуҷандшаҳр чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ ва доираи васеи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода ҷавонони донишгоҳро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, аз нақшу саҳми намояндагони ин қишри пешбари ҷомеа таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини мустақилияти Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат қарор дошта, аз ҳадафҳои муҳими Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Ректори донишгоҳ зикр дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи қариб сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд. Гузашта аз ин, ҷиҳати таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти намояндагони насли ҷавон пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи пешбар, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат номида, таъкид намудаанд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст”- таъкид дошт профессор Аюб Усмонзода.

Роҳбари донишгоҳ дар идомаи суханронии хеш дар мавриди ташаббус ва тадбирҳои раёсати донишгоҳ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар намуд.

Зикр шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон аз тамоми имконият истифода бурда, дар ин самт тадбирҳои заруриро анҷом медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷавонони донишгоҳ ҳамеша аз худ фаъолнокӣ ва ташаббускорӣ нишон дода, бо дастовардҳои шоиста нуфузи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар миқёси вилоят, ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар низ баланд мебардоранд, ки дар ин самт саҳму меҳнати масъулину кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ назаррас аст.

Сазовор гардидани шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бо ҷоизаи «Фаъолтарин шуъбаи кор бо ҷавонон дар байни муассисаҳои олӣ» дастоварди шоистаи сол унвон гардида, муваффақият ва ғолибияти ҷавонон дар озмуну олимпиадаҳои гуногун мавриди таъкид қарор гирифтанд.

Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро табрик намуда, аз нақши муҳассилини ин боргоҳ дар рушди ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи вилоят таъкид карданд.

Дар фарҷом як қатор ҷавонони фаъол ва ташаббускори донишгоҳ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Аз ҷумла, Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ барои саҳми арзанда дар татбиқи ғояҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, талқини ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар байни ҷавонон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва медали ҷашнии “25 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” сарфароз гардид.

Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ мазмуни баланд эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ