​Таҷлил аз Иди Меҳргон

Дар факултети биология ва химия аз Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Усмонов Аюб иштирок намуда, ҷомеаи меҳнатии факултетро аз номи ректори донишгоҳ табрик гуфт.

Дар доираи чорабинӣ намоиш аз ҷараёни меҳнати бобои деҳқон манзур гардида, расму оинҳои ҷашнӣ ба саҳна гузошта шуданд.

Аз ҷониби донишҷӯён оид ба анъанаҳои мардумӣ маърӯзаҳо ироа гардида, ба таври зинда сурудҳо пешниҳод карданд.

Ҳамзамон, доир ба Ватан ва дастовардҳои замони истиқлол шеърҳо қироат шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки имрӯзҳо дар тамоми факултетҳои донишгоҳ Иди Меҳргон истиқбол мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ