​Таҷлил аз 200 солагии Достоевский

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои илмию таълимӣ дар факултети филологияи рус бахшида ба хотираи нависандаи барҷастаи рус Фёдор Михайлович Достоевский конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс роҳбари Маркази илму маърифати Русия дар шаҳри Хуҷанд Никита Валерьевич Быковский, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Мирсаминова Гузал ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар доираи кори конфронс иштирокчиён бо маърӯзаҳои пурмазмун ва пурмуҳтаво, ки тамоми фаъолияти адабии устоди калом Достоевскийро фаро гирифтааст, баромад намуданд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 11 ноябри соли 2021 тамоми чахон 200-солагии зодрузи Ф.М.Достоевскийро кайд мекунад. Конфронси мазкур низ ҷиҳати гиромидошти хидматҳои нависандаи барҷастаи рус Фёдор Михайлович Достоевский ташкил гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ