​Тақвияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар донишгоҳ

Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” мулоқот доир гардид. Ин вохӯрӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз рӯйи усули “факултет ба факултет” ва “курс ба курс” ба роҳ монда шуд.

Муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд зимни суханронӣ нақши ҷавононро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, суботу амният ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун қувваи асосии созанда ва такягоҳи давлату миллат мешиносанд ва ба ҳамин хотир пайваста дастгирӣ менамоянд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Исматзода Бахтиёр Ҳусейн моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро шарҳ дода, зикр намуд, ки маҳз ҷавонони ватандӯсту донишманд ояндаи дурахшони миллатро таъмин месозанд.

Гуфта шуд, ки тарбия намудани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва иштироки фаъол дар корҳои созандагиву ободонӣ рисолати ҳар як ҷавон мебошад.

Ҳамзамон, дар доираи мулоқот намояндагони шуъбаи дин, танзим ҷашну маросим ва раёсати тандурустиии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи нақша мулоқоти мазкур то санаи 6 октябри соли равон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ идома хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ