ТАҚВИЯТИ ДОНИШҲОИ НАЗАРӢ ВА ИЛМӢ
Санаҳои 15-16-уми ноябри соли 2025 дар Маркази таълимии ба номи Шайха Фотима бинт Мубораки назди Гимназияи ба номи Е.М. Примакови шаҳри Москваи Федератсияи Русия форуми дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Омӯзиши забони арабӣ дар ҷаҳони муосир: анъана ва навоварӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 20 кишвар ширкат варзиданд.
Дар форум дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳ Машҳурахон Ҳасанова ширкат варзида, дар мавзуи «Мушкилоти таълими забони арабӣ ба донишҷӯёни ғайри соҳибзабон» баромад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки форум ҳамчун минбари мубоҳисаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои таълими забони арабӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, самтҳои муосири рушди арабшиносӣ ва филологияи муосири арабӣ шинохта шуда, дар доираи барномаи кории он табодули таҷрибаи омӯзгории забони арабӣ, масъалаҳои муҳимми таълими забон ва таҳлили барномаҳои таълимӣ аз фанни забони арабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил