Тақсимоти пешакии мутахассисони ҷавони донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тақсимоти пешакии мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории донишгоҳ сурат гирифт. Ин иқдом мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2025” ва дар асоси “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” ба роҳ монда шуд.
Зимни баргузории тақсимоти пешакӣ мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва мутахассисони ҷавони донишгоҳ, дотсент Назирҷон Пӯлотов дар ҳар як факултет бо хатмкунандагон суҳбат гузаронида, ба онҳо талаботи тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавонро шарҳ дод. Ҳамзамон, донишҷӯён бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” шинос шуда, доир ба ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ огоҳ шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил