​Тақсимоти пешакии хатмкунандагон

Тибқи фармоиш ва ҷадвали тасдиқгардида аз санаи 9-ум то 14-уми марти соли равон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ тақсимоти пешакӣ бо хатмкунандагон ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ, ки тариқи буҷавӣ, квотаи президентӣ ва шартномавӣ таҳсил мекунанд мулоқот гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби шуъбаи кор бо мутахассисони ҷавон ва такмили ихтисос оиди уҳдадарориҳои хатмкунандагон, минбаъдмутахассисони ҷавон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳадафи он фаҳмонида шуд.Инчунин, имтиёзҳое, ки мутахассисони ҷавон дар се соли аввали фаъолияти кориашон доранд, баён гардид. Дар интиҳо хатмкунандагон ба суолҳои пешниҳоднамудаашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ