​ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Шамсуддин, сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маориф, кадрҳо ва корҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсимоти мутахассисони ҷавони донишгоҳ доир гардид.

Тақсимоти ниҳоӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки гурӯҳҳои буҷавии донишгоҳро хатм менамоянд, тибқи «Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин чорабиниро ифтитоҳ бахшида, хатмкунандагонро барои дарёфти унвони хатмкунандаи ин боргоҳи маърифат, ки яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад, табрик намуд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мутахассисони соҳибкасбро тайёр карда, талош меварзад, ки онҳо дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандона фаъолият баранд.

Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Шамсуддин оид ба ҷойи кор таъмин намудан ва имтиёзҳои мутахассисони ҷавон баромад карда, дар бораи амалӣ гардидани банди 2-юми Қарори Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба натиҷаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони равияҳои омўзгорӣ ва бартараф кардани норасогии кадрҳои омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумиии ҷумҳурӣ» ибрози ақида намуд.


Маврид ба зикр аст, ки соли таҳсили 2025-2026 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»-ро 5448 нафар муҳассилин хатм менамоянд, ки аз онҳо 1793 нафар ба шуъбаи рӯзона рост меояд. Аз ин теъдод 359 нафар ихтисосҳои омӯзгориро тариқи буҷавӣ ва 111 нафар тариқи квота, дар маҷмуъ 470 нафар хатм менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки зиёда аз 217 нафар муҳассилини курси 4-уми ихтисосҳои алоҳида ва курси 5-уми ихтисосҳои ҳамгирои шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) бо мақсади аз байн бурдани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани таҷрибаомӯзии дарозмуддат ба шаҳру навоҳии вилоят фиристода шуда, давоми соли хониши ҷорӣ, ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуданд.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ