​Такмили маҳорати педагогӣ


Беҳдошти сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби таҷрибаомӯзон ва устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба ин моҳи октябри соли ҷори силсилаи дарсҳои кушоди таҷрибаомӯзони курси 5-уми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарсҳои кушод ва соати тарбиявии намунавиро дар гимназияи №24 шаҳри Хуҷанд баргузор намуданд.

Таҷрибаомӯзон дарсҳои кушоди худро таҳти роҳбарии дотсент Раҳмонов З. аз фанни забони русӣ дар мавзӯҳои “Фаъолияти А.С. Пушкин”, “Фаъолияти А.П.Чехов” ва соати тарбиявӣ таҳти унвони “дар олами касбҳо”-ро бо маҳорати баланди касбии педагогӣ ташкил ва баргузолр намуданд.

Зимни таҳлил қайд гардид, ки дарсҳои кушоди намунавӣ аз тарафи таҷрибаомӯзони мазкур хеле хуб ва бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим,ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ