Таҳкими савияи маълумотнокии донишҷӯён

Донишҷӯёни бахши аввали факултети забонҳои шарқ ҳамроҳи мураббиёни гурӯҳҳои академии кафедраи грамматикаи забони арабӣ Ҳасанов ва Ботурова аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов” ва осорхонаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Ҳадаф аз ин боздид шиносоӣ бо фаъолияти Артисти Халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, дастовардҳои мавсуф, огоҳӣ аз таърихи донишгоҳ ва дар ин замина таҳкими худшиносии донишҷӯён унвон мешавад.

Гузашта аз ин, донишҷӯён дар доираи шиносоӣ бо осорхонаи донишгоҳ аз таъриху дастовардҳои устодону донишҷӯён огоҳ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ