​Таҳкими салоҳияти касбии омӯзгор

Бо ибтикори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди донишгоҳ семинари домоамалкунандаи таълимӣ-методӣ баргузор шуд. Ин навбат семинар ҷиҳати баррасии усулҳои фаъоли таълим ва баланд бардоштани салоҳияти касбии омўзгор ба роҳ монда шуд.

Директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмои педагогӣ профессор Шаропов Шавкат оид ба салоҳиятманд гаштани омўзгору донишҷў ва ба талаботи низоми кредитӣ ҷавобгў будан ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодон дар мавзуъҳои “Салоҳияти касбии омўзгори мактаби олӣ”, “Омўзиши ташхисии фаъолияти таълимиву тарбиявии омўзгорони кафедра ва таҳияи харитаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ”, “Истифодаи китоби электронӣ ҳамчун технологияи инноватсионӣ дар рушди фарҳанги зеҳнии хонандагони хурдсол” маърӯзаҳо ироа шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ