​Таҳкими маҳорати касбӣ

Дар факултети забонҳои шарқ конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни ихтисоси арабии кафедраи грамматикаи забони арабӣ баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Раҳимов Ислом конфронсро оғоз намуда, оид ба масъулияти баланди касби омӯзгорӣ, талаботҳои раванди таҷрибаомӯзӣ ва аҳамияти он ҷиҳати таҳкими маҳорати касбӣ сухан намуд.

Таҷрибаомӯзон ба панҷ зергурӯҳ тақсим шуда, ду зергурӯҳ бо роҳбарии мушовирон аз рӯи ихтисос ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16 - и шаҳри Истаравшан ва се зергурӯҳи дигар ба Коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сафарбар шуданд.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён шаш ҳафта давом хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ