Таҳкими худшиносии миллӣ
Бо иқдоми кафедраи адабиёти муосири тоҷик бахшида ба 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як қатор донишҷӯён аз осорхонаи “Қасри Арбоб” дидан намуданд.
Ин ташаббус ҷиҳати шиносоӣ ва эҳтиром гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ба роҳ монда шуд.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки насли ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд”- таъкид шуд ба донишҷӯён.
Маркази иттилоот ва таҳлил