​Таҳкими худшиносии донишҷӯён

Бо иқдоми кафедраи грамматикаи забони арабӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 113 муаррифии асарҳои Пешвои муаззами миллат баргузор гардид.

Мураббии гурӯҳ Маликова Нигина бо донишҷӯён оид ба асарҳои Пешвои миллат суолу ҷавоб намуд.

Дар идома донишҷӯён бо навбат асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро муаррифӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки чунин иқдом ҷиҳати таҳкими худшиносии ҷавонон саҳми муассир мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ