Таҳкими ғояҳои зиддикоррупсионӣ дар байни ҷомеа

Дирӯз дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа махсусан ҷавонон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо иштироки васеи устодону донишҷӯён семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, аз мақсад ва ҳадафҳои он ёдовар шуд. Мавсуф коррупсияро падидаи манфии ҷомеа унвон намуда, аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза алайҳи ин падида ҳарф зад.

Ҳамзамон дар кори семинар сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойзод Хушбахт, сарнозири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймаҳбуб Турсунзода, намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Малика Ҷӯраева ва раиси ташкилоти ҷамъиятии иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, аъзои эътилоф оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия Музаффар Бобоҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки семинар ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия, пешбинии чорабиниҳои мушаххас дар самти пешгирии ин кирдори номатлуб, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии воҳидҳои сохторӣ, мубодилаи таҷриба ва такмили савияи дониши кормандон арзёбӣ гардид.

Таъкид рафт, дар ҷомеаи ҷаҳони муосир коррупсия яке аз мушкилоти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди устувори давлатдорӣ ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа – иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, ахлоқ ва оромии кишвар зарари манфӣ мерасонад ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб амали дастаҷамъона мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои зиддикоррупсионӣ байни ҷомеа ва хосатан ҷавонон аз ҳадафҳои муҳими баргузории семинар маънидод гардид.

Ҳамзамон маърӯзачиён доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин восита поён бурдани сатҳи шиддати коррупсия ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози назар намуданд.

Қайд шуд, ки агар ҳар як узви ҷомеа дар баробари рӯ ба рӯ шудан бо амали коррупсионӣ масъулияти шаҳрвандии худро дар назди қонун иҷро намояд, решакан намудани коррупсия осон мешавад.

Дар хотима миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

Марази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ