​Таҳкими фарҳанги китобдӯстии донишҷӯён

Дар факултети геоэкология ва туризм бо мақсади тарбияи китобдӯстӣ ва ташвиқи ҳисси китобхонӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат ташаббус ёфт ва бо иштироки беш аз 60 нафар, аз ҷумла донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифи назди кафедра баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ намояндагони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ иштирок намуданд.

Дар доираи ин ташаббус ба донишҷӯён маҷмӯи китобҳои илмӣ-оммавии мавҷудаи китобхона муаррифӣ гардид.

Китобдори шуъбаи техникии китобхона Қаюмова бахшида ба Рӯзи геологон таҳти мавзуи “Геологон - замири Замин” маърӯза ироа намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён ба намояндагони китобхона доир ба таърихи китобхона, фаъолияти шуъбаҳои он, теъдод ва намудҳои китобҳо саволҳо пешниҳод намуданд, ки ба онҳо ҷавобҳои муфассал дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ