​Таҳкими фаъолияти маҳфилҳои донишгоҳӣ

Ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолияти маҳфилҳои донишгоҳӣ дар раёсати донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон мулоқот доир гардид.

Дар кори мулоқот масъулин ва аъзои маҳфилҳои тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” ва Пайравони Пешвои миллат иштирок намуданд.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар бораи зарурияти таҳкими фаъолияти маҳфилҳои донишгоҳӣ таъкид намуда, донишҷӯёнро ба ташаббускорӣ ва фаъолнокӣ даъват намуд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, саҳми намояндагони ин табақаи ҷомеа дар ҳифзи истиқлол, сулҳу ваҳдат ва гиромидошти арзишҳои миллӣ муассир аст.

Дар идома нақшаи фаъолияти маҳфилҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба донишомӯзӣ, таҳкими саводи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин маърифатнокии донишҷӯён силсилаи маҳфилҳо амал мекунад, ки ҷиҳати таъмини рушди фаъолияти он мунтазам иқдом сурат мегирад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ