ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛИ ТАРҒИБОТЧИЁНИ ҶАВОН «АНДЕША»
Дар толори раёсати Донишгоҳ вохӯрии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо аъзои маҳфили тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуби замони муосир мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Ректори Донишгоҳ дар суханронии худ таъкид намуд, ки ҷаҳони имрӯз бо равандҳои мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буда, ҳалли онҳо ҳамкории густурдаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Ӯ зикр кард, ки паҳншавии зуҳуроти ифротгароӣ ва зӯроварӣ, ки дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон мушоҳида мешавад, яке аз таҳдидҳои ҷиддии замони муосир ба шумор меравад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Донишгоҳ дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фаъолияти худро дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ тақвият бахшидааст.
Сипас, мудири шуъбаи тарбия Хайёмиддин Ҷалолзода суханронӣ намуда, вохӯрии мазкурро муҳим арзёбӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки маҳфили тарғиботчиёни ҷавони «Андеша» бо ҷалби ҷавонони солимфикру боистеъдод дар тарғиби ҳаёти солим ва пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ректори Донишгоҳ самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаро мушаххас намуда, ба аъзои маҳфили «Андеша» барои густариши корҳои тарбиявию маърифатӣ ва таҳкими нақши ҷавонон дар ҷомеа дастуру ҳидоятҳои зарурӣ ироа кард. Вохӯрӣ дар фазои озоду созанда бо гуфтугӯи судманд анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»