​Таҳкими фаъолияти илмии докторантон

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода бо докторантони курси якум мулоқот анҷом дод.

Ҳадаф аз ин ташаббус шинос намудани муҳассилин бо низомномаи таҳсил дар риштаи докторантура ва мусоидат ба таъмини рушди фаъолияти илмии докторантон унвон мешавад.

Профессор Хайрулло Мирзозода дар мавриди масъулият ва уҳдадориҳои докторантон ибрози назар намуда, аз нақши ҷавонон дар таҳкими фаъолияти илмӣ таъкид намуд.

Интихоби мавзӯъ ва тасдиқи он дар кафедраи тахассусӣ, факултет ва пешниҳоди қарор ба шуъбаи докторантура, тасдиқи мавзӯъ ва роҳбари илмӣ дар Шӯрои олимони донишгоҳ, пур кардани нақшаи фаъолияти докторант бо ҳамроҳии роҳбари илмӣ, таҳияи нақшаи рисолаи илмӣ, навиштани мақолаи илмӣ ва чопи он дар маҷаллаҳои КОА тақризшуда, чопи мақола дар конференсияҳои байналмилалӣ, аттестатсияҳои фосилавӣ, аттестатсияи тахассусӣ аз мавзуъҳои меҳвариии мулоқот буданд, ки перомуни он аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ба докторантон маълумоти муфассал ироа гардид.

Аз докторантон даъват шуд, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро ба тартиб дароварда, дар машғулиятҳои фаннӣ мунтазам иштирок намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки соли таҳсили 2022-2023 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 29 нафар докторантон аз рӯи ихтисосҳои физика, химия, биология, иқтисодӣ, забоншиносӣ, шарқшиносӣ, педагогӣ, филология, рӯзноманигорӣ, таърих, география ва экология қабул гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ