​Таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои томактабӣ

Омӯзгорони кафедраҳои педагогика ва психологияи томактабӣ ва психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ бо мураббияҳои муассисаи томактабии №23 мулоқот намуданд. Ин ташаббус бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои факултет бо муассисаҳоитомактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.

Дар вохӯрии мазкур устодони кафедра дар бораи раванди машғулиятҳо дар бораи синну соли томактабӣ, давраи интенсивнокии ташаккулёбии сифатҳои психикӣ ва шахсӣ, тарзи гузаронидани бозиҳои психологӣ ва тренингҳо ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароњам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва таъмини муассисањои томактабї бо кадрњои ихтисосманд, барќарор ва таъмири муассисањои томактабї, коркарди стандарту барномањои таълимии томактабї тадбирњои заруриро роњандозї мекунад.

Мудири муассисаи томактабӣ Исматова Кимёхон барои ҳамкориҳои пайваста ба устодони кафедра миннатдорӣ намуда, изҳори умед намуд, ки чунин равобит минбаъд низ густариш меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ