ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
Дар «Гӯшаи забон ва фарҳанги Корея»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо иштироки як гуруҳ меҳмонон аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Эҳсонзода Малоҳат чорабиниро оғоз бахшида, аз дастовардҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкориҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ низ ба роҳ монда шудааст. Гуфта шуд, ки баргузории Рӯзи фарҳангии Корея дар Донишгоҳ оинаи равшани ҳамкории устувори фарҳангӣ ва таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Чорабинӣ бо намоиши либосҳои миллии анъанавӣ, таомҳои миллӣ, мусиқии суннатӣ ва расму ойинҳои мардумии Корея ҳусни анҷом пазируфт.
Ёдовар мешавем, ки «Гӯшаи забон ва фарҳанги Корея» дар Донишгоҳ соли 2024 бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз он ба як маркази муҳимми фарҳангӣ ва таълимӣ табдил ёфтааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил