​Тақдир аз дастоварди устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Ғолибони даври ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо туҳфа ва мукофоти пулӣ қадр шуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба ғолибон, иштирокчиён ва роҳбарони онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳро дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Дар маҷмуъ 42 нафар, аз ҷумла ғолибон ва роҳбарони онҳо бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми аз 500 сомон то 4 ҳазор сомон ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 6 ҷойи намоён ва 7 ҷойи ифтихорӣ ва дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” 4 ҷойи намоён ва 3 ҷойи ифтихориро соҳиб шуд.

Ҳамзамон, дар доираи ин ташаббус ба Ҷумаев Бӯстонбек, мудири кафедраи анализи математикӣ бо нишониАълочии маорифи Тоҷикистон супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ