​ТАҚДИМИ НУСХАИ ҲУҶҶАТҲОИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ БА ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Дар доираи баргузории ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ва адолати таърихӣ» аз ҷониби сиёсатшинос ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо ба осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» нусхаи ду санади марбут ба Қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусрастулло Махдум ва Шириншо Шотемур тақдим гардид.

Санади аввал 6-уми апрели соли 1925 тартиб дода шуда, он Фармони Нусратулло Махдум “Дар бораи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон” мебошад. Ҳуҷҷат бо давот дар коѓази рахдор навишта шудааст. Дар поёни он имзои Раиси Инқилоби қумитаи мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Махдум гузошта шудааст.
Нусхаи санади дигар Дастхати мактуби Шириншо Шотемур ба Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия (РКП(б)) мебошад, ки 24 октябри соли 1924 навишта шудааст. Дар мактуби номбурда Шириншо Шотемур бо далелҳои қавӣ исбот мекунад, ки сокинони Хуҷанд ва Уротеппа аз давраҳои қадим тоҷикон мебошанд ва ин шаҳрҳо ба онҳо тааллуқ доштанд.
Ҳуҷҷатҳои мазкурро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин қабул намуда, барои чунин иқдоми арзишманд ба Абдуллоҳи Раҳнамо изҳори сипос кард. Зимни суҳбат ӯ зикр дошт, ки ин ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ аҳаммияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ дошта, барои боло бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён саҳми муҳим хоҳанд гузошт. Таъкид гардид, ки санадҳои мазкур ҳамчун нигораҳои арзишманд дар осорхонаи Донишгоҳ нигоҳдорӣ шуда, барои омӯзиши минбаъдаи таърихи миллат мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.


Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ