​Тақдими дипломҳои дараҷаи илмӣ ба устодони донишгоҳ


Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба устодон дипломҳои дараҷаи номзади илм тақдим гардид.

Ба 6 нафар устоди донишгоҳ , аз ҷумла Музаффарҷон Дадобоев - сармуаллим, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи экология ва методика, Саидзода Мушарраф Саид -сармуаллими кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо, Абдумӯмин Маликов - сармуаллими кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор, Дилшод Тухлиев - муаллими кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор, Мавзуна Абдураҳимова - сармуаллимаи кафедраи географияи табиӣ, Этибор Эргашева - сармуаллимаи кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо дипломи дараҷаи номзади илм, ки аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраст гардида буд, дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ