​Тақдими 300 адад китоби хитоӣ

Директори Донишкадаи Конфутсий Ren Gentian ба факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуд. Дар доираи ин ташаббус ба факултети забонҳои шарқ 300 адад китоб тақдим гардид, ки ҷиҳати омӯзиши самараноки забони хитоӣ замина мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки китобҳои мазкур аз се қисмат иборат буда, имконияти хондан, навиштан ва тариқи савтӣ (аудио) омӯхтани забонро дорост. Ҳадаф аз ин иқдом баробар намудани стандарти умумии забономӯзии чинӣ унвон мешавад.

Ҳамзамон, миёни ҷонибҳо бо иштироки декани факултети забонҳои шарқ Раҳимов Исломҷон, мудири кафедраи хитойи ва форсӣ дотсент Қосимова Марҳабо санади дутарафа ба имзо расид.

Изҳори умед шуд, ки равобити судманди Донишкадаи Конфутсия ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ мустаҳкам шуда, дар доираи он силсилаи тадбирҳои муфид роҳандозӣ мегардад.

Декани факултети забонҳои шарқ миннатдории ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразодаро ба директори Донишкадаи Конфутсий Ren Gentian ҷиҳати тақдими китобҳо ва ҳамкориҳои наҷиб иброз намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ