Таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ҷараён дорад

Донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси геоэкология аз санаи 4-феврали соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзии омӯзгории худро гузашта истодаанд. Дар ҳафтаи аввал донишҷӯён ба дарсҳои фаннӣ ва соатҳои тарбиявии муаллимони мактаб иштирок намуда, донишҳои назариявияшонро бо муқоиса дар амалия омӯхтанд. Дар ҳафтаи дуюм вобаста ба нақшаи корӣ донишҷӯ-таҷрибаомӯзон бевосита машғултятҳои дарсӣ ва соатҳои тарбиявӣ гузаронида истодаанд.

Санаи 12-уми феврали соли ҷорӣ таҷрибаомӯзон Разуллоев Исохон ва Ҳоҷиев Амонҷон бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ бо хонандагони синфи 6 “б” дар мавзӯи “Муҳофизати Ватан – вазифаи ҳар яки мо!”соати тарбиявӣ гузарониданд.

Дар оғози соати тарбиявӣ хонандагон оид ба супориши мавзӯи гузашта дар мавзӯи “Меҳри модар” шеърҳо, гуфторҳо қироат намуда, бо иншои навиштаи худдар васфи модар баромад намуданд. Пас, таҷрибаомӯз Разуллоев Исохон мавзӯи имрӯзаро ба тахтаи синф навишта, оид ба таърихи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи фаъолияту дастовардҳои он сухан ронд.

Таҷрибаомӯз Ҳоҷиев Амонҷон дар мавзӯи“Артиш дорем- Ифтихор дорем” суханронӣ кард. Хонандагон дар васфи Ватан ва муҳофизати он шеърҳо, гуфторҳо қироат намуда, саҳначаи тарбиявӣ намоиш доданд.

Дар ҷараёни соати тарбиявӣ хонандагон хеле фаъол буданд, ки ин аз маҳорат ва малакаи донишҷӯён – таҷрибаомӯзон, пеш аз ҳама ба маҳорати омӯзгор – методист вобаста буда, ба замони муосир ҷавобгӯ будани услуби фаъоли таълимро хуб ба роҳ мондааст.

Дар охир методистон Охунова Санам ва Ҳомидова Рафоат баромад намуда, ташкил ва гузаронидани чунин соати тарбиявии пурмазмунро хуб арзёбӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ