Тадбиқи лоиҳаи “Рушди тафаккури интиқодӣ тавассути хониш ва навишт" дар донишгоҳ

Санаҳои 1-5-уми ноябри соли 2022 бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф” дар маркази педагогикаи инноватсионӣ воқеъ дар факултети таърих ва ҳуқуқ барои омӯзгорони ҷавон семинари омӯзишии 5 – рӯзаи (дар ҳаҷми 40 соат) лоиҳаи “Рушди тафаккури интиқодӣ тавассути хониш ва навишт”–и Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони ҷавон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ташкил карда шуда, дар он 22 нафар омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, аз усулҳои фаъоли таълим бархурдор гардиданд.

Ҳамчунин, марҳила ба марҳила бо ҷалби омӯзгорони варзида ва ботаҷриба ҷиҳати гузаронидани чунин семинарҳо аз фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва ташкил намудани дарсҳои иловагию корҳои лабораторӣ ҷиҳати боло рафтани сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи иштирокчиёни семинари мазкур бо шаҳодатномаи раёсати донишгоҳ мукофотонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ