​Табрикоти ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Устодони арҷманд ва омӯзгорони азиз!

Ҳамаи Шуморо дар иртибот ба Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон саодату саломатӣ, пешрафту дастовардҳои тоза ва дар иҷрои рисолати касбӣ нерӯ, барор ва пирӯзиҳои нодир таманно дорем.

Самараи неки истиқлол, файзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки илму маориф ислоҳоту таҳаввулоти судманду созандае рӯйи кор омада, ҷиҳати таҳкими нақшу мақоми омӯзгор мунтазам тадбирҳои муҳиму муфид роҳандозӣ мегарданд.

Ҳамасола дар мамлакати азизи мо якшанбеи аввали моҳи октябр рӯзи касбии омӯзгорон таҷлил мегардад. Истиқболи сазовор ва бо шукуҳу шаҳомати хос аз ин рӯз гувоҳи таваҷҷуҳи мақомоти олии давлатӣ ва Роҳбари олии кишвар нисбат ба заҳмату меҳнати омӯзгорон маҳсуб меёбад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.

Воқеан омӯзгор афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш ва роҳнамои зиндагии башарият аст. Аз ин рӯ, дар дӯши муаллим вазифа ва рисолати хеле бузург ниҳон аст. Фаъолияти устодон ба ояндаи давлату миллат нақши созгор дорад. Инро омӯзгорони соҳибтаҷрибаву ватандӯсти мо ба хубӣ дарк мекунанд.

Ҳоло Донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷойи якум ва дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ҷойи дуюмро соҳиб гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои даставии даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар бахши фанҳои табиию риёзӣ сазовори ҷойи сеюм ва дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои дуюмро соҳиб гардид, ки аз дастовардҳои муҳими илмӣ унвон ёфта, натиҷаи хидматҳои бузурги устодони соҳибунвону соҳибмактаби ин боргоҳи илму маърифат ба шумор меравад.

Боиси сарфарозист, ки имсол ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ 7 нафар ҳайати профессорону дотсентон бо мукофоти давлатии Медали Хизмати шоиста, 5 нафар бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд, 3 нафар ба унвони шаҳрванди Фахрии шаҳри Хуҷанд, 12 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳама дастоварду муваффақият, музаффарияту пирӯзиҳои донишгоҳ натиҷаи заҳмату меҳнат ва масъулиятшиносиву садоқати ҳар кадоми Шумо нисбат ба касбатон аст.

Умедворем, ки муаллимон дар амалӣ гардидани ҳадаф ва ба ин васила рушди илму маориф, боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи саводнокӣ, беҳбудии сифати таълим кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Хотиррасон мекунем, ки “пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад”. Ва калиди кохи илму маърифат дар дасти устод – муаллим аст.

Донишгоҳ туфайли Шумо – омӯзгорон соҳиби ному мақом ва нуфузу эътибор аст.

Ҳузури Шумо ва фаъолиятатон дар донишгоҳ боиси ифтихори мост. Мо сарфароз ҳастем, ки устодони асилу ҳирфаӣ дар донишгоҳи мо фаъолият доранд ва дар тарбияи кадрҳои ояндасозу пешбар нақши шоиста мегузоранд.

Бори дигар, ҷомеаи устодони донишгоҳро ба ифтихори Рӯзи касбӣ самимона табрик намуда, орзумандем, ки саломативу саодатмандӣ, маҷмуи хушиҳои зиндагӣ, сарбаландиву некномӣ ва дар иҷрои рисолати касби пуршараф музаффариятҳои нодиру олӣ насибатон гардад.

Иди касбӣ муборак, устодон ва омӯзгорони арҷманд!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ