​Табрикоти ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодон ва донишҷӯёни азиз!

Шуморо бо санаи муқаддас – 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, орзуманди онем, ки дар фазои кишвари соҳибистиқлол ва озоду ҳуқуқбунёд зиндагии босаодат насибатон гардад.

Дар марҳилаи давлатдории навини тоҷикон Конститутсия нақши калидӣ дорад. Пойдории зинаҳои гуногуни ҳокимият ва низому мароми он, ки аз Конститутсия асос меёбад, пеш аз ҳама, ҳаёти ҷомеаро ба маҷрои осоишта равона сохт, қонунияту тартибот ҷорӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар замина фароҳам овард. Бинобар ин, Конститутсияро рамзи ҳастии миллат ва эҳёи давлати соҳибистиқлол номидан дуруст аст.

Дастоварду комёбиҳое, ки кишвар дар зарфи ин солҳо ноил шуд, аз ин санади тақдирсоз асос меёбанд. Гузашта аз ин, он сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгари манфиатҳои ҳар як сокини кишвар мебошад.

Таманно дорем, ки риояи меъёрҳои Конститутсия ва муқаррароти қонунҳо дар меҳвари зиндагии ҳамарӯзаи мо қарор гирифта, ҳамчун шаҳрванди кишвари ҳуқуқбунёд зиндагии ободу осударо пеш мебарем.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ