Табрикнома: 30 соли музаффарият ва таҳкими давлати миллии тоҷикон

Устодон ва донишҷӯёни азиз!

Шуморо ба муносибати Иди фархундаи миллӣ – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба шарофати заҳматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, пирӯзиҳои навин, хушиҳои зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор орзумандем. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд”. Воқеан истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.

Маҳз аз самараи истиқлол ва файзи суботи сиёсии мамлакат Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ сӯйи музаффариятҳои нодир қадамҳои устувор гузошта, дар масири истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Агар соли 1998 дар донишгоҳ 11 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд, феълан шумораи донишҷӯёни ин боргоҳ беш аз 23 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Имрӯз фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра ба роҳ монда шуда, феълан аз рӯи 89 ихтисос мутахассисони ҳирфаӣ тайёр мешаванд. Дар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 54 нафар доктори илм, профессор ва 409 нафар номзади илм, дотсент фаъолият менамоянд, ки маҷмӯан, 52,9%-и теъдоди умумии омўзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Саҳифаҳои таърихии донишгоҳ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин боргоҳи илму маърифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, борҳо бо устодон ва донишҷӯёни он мулоқоту вохӯриҳо анҷом додаанд. Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҳамаҷониба, фароҳам намудани шароити мусоид ба устодону донишҷӯён ва мустаҳкам сохтани пояи моддиву техникии донишгоҳ хеле бузург аст. Иштирок ва суханронӣ дар таҷлили ҷашни 65 - солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (30 апрел 1997), ҷашни 70 солагии донишгоҳ (22 майи соли 2002), ба истифода додани Маҷмааи истироҳативу фароғатии Хуррамшаҳр ва хобгоҳи духтаронаи тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда (13 июли соли 2004), ифтитоҳи бинои нави донишгоҳ ва хонаи 9-ошёна барои устодони донишгоҳ (30 августи соли 2005) ва гузоштани санги асос ба бинои таълимии донишгоҳ (14 сентябри соли 2016) аз ҷумлаи тадбирҳои ободониву созандагист, ки бо иқдоми Роҳбари хирадманди давлат рӯи кор омадааст. Ташрифҳои Пешвои миллат минбаъдниз барои донишгоҳ ҷиҳати беҳтар шудани фаъолияти раванди таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам овард.

Муҷаҳҳаз гардонидани 30 лаборатория, таҳкими базаи моддиву техникии донишгоҳ, таъсиси 15 ихтисоси наву замонавӣ, ташкили 7 Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, қабули «Барномаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои солҳои 2021-2025», дар панҷ соли охир беш аз 1000 адад асару монография ва беш аз 12 ҳазор мақолаҳои илмии устодон дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби Комиссияи олии атеттатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба қайдгирифташударо ташкил додааст, ки он дар таъмини адабиёти таълимӣ муҳим арзёбӣ мешавад.

Бо назардошти дастовардҳои муҳими илмиву эҷодӣ устодони донишгоҳ бо ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 17 нафар бо мукофоти давлатӣ, 46 нафар бо унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 60 нафари дигар бо мукофоту ифтихорномаҳои соҳавии маорифу фарҳанги кишвар қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамкориҳои судманд ва муштараки донишгоҳ бо 92 муассисаи таълимӣ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ, таҳсили муҳассилини хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон, татбиқи 5 лоиҳаи барномаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Эрасмус Плюс самараи истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсист.

Воқеан фаро расидани санаи ҳумоюн – ҷашни истиқлоли давлатӣ, ки нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад, барои ҳар як шаҳрванди шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш маҳсуб меёбад.

Бигзор, дар партави нури истиқлол сӯйи музаффариятҳои тоза қадамҳои устувор гузошта, баҳри ободии Ватани азизамон минбаъд низ саҳим бошед.
Ҷашни Истиқлол муборак!

Бо самимият, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ