Табодули академии омӯзгорон
Аз ҷониби дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Элмуродова Садбарг дар Донишкадаи педагогии ӯзбекӣ-финнии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарси лексионӣ доир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом дар доираи барномаи «Табодули академии омӯзгорон» сурат гирифт.
Дотсент Элмуродова Садбарг ба магистрантони курси 2-юм аз фанни «Истифодаи технологияи инноватсионӣ» дарс гузаронида, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим мавзуъро дар сатҳи баланди касбӣ шарҳ дод.
Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба масоили вусъати табодули академии омӯзгорон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ташаббусҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил