​Табиати пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои маҳдуднамоии коҳишёбии онҳо

Бо иқдоми кафедраи геоэкология ва методикаи таълимии факултети геоэкология ва туризм таҳти унвони “Табиати пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои маҳдуднамоии коҳишёбии онҳо” семинари илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар доираи семинари мазкур як қатор маърӯзаҳо шунида шуд.

Аз ҷумла, дотсент Турдиев Турдӣ дар мавриди ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ҳифзи пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии пиряхҳои қаламрави Тоҷикистон 8888 ададро ташкил дода, анбӯҳи зиёди пиряхҳои Осиёи Марказӣ маҳз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст вазиёда аз 60 фоизи ташаккулёбииобии минтақаро дар худ нигоҳ медорад.Аз ҳамин ҳисоб барои ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳои мавҷуда аҳамияти махсус дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ