Шӯрои олимон: самаранокии раванди таълим ва густариши равобити байналмилалӣ
Дирӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати ректор, профессор Усмонзода Аюб Ислом баргузор гашт.
Аюб Усмонзода ба кори ҷаласа оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд.
Сипас, доир ба беҳдошти сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн раиси гурӯҳи корӣ мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт Насимҷон Умаров гузориш дод. Дар гузориш раванди сифати таълиму тарбия, корҳои таълимӣ – методӣ дар факултети забонҳои шарқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, доир ба камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ-молиявӣ Раҳмонзода Шараф оид ба самти фаъолияти бахши молиявии Донишгоҳ гузориш ироа намуд. Мавсуф оиди сатҳи тайёрии Донишгоҳ ба зимистонгузаронии солҳои 2023 – 2024 маълумот дода, афзуд, ки ба Донишгоҳ тибқи нақша 81 300 тонна ангишт ворид шудаст. Ҳамчунин роҳравҳои ошёнаҳои биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳо бо равшанӣ пурра таъмин аст.
Дар идома доир ба масъалаҳои триместери сессияи тобистонаи шуъбаи рӯзонаи факултетҳои Донишгоҳ сардори маркази бақайдгирӣ Зарина Ашрапова ва аз рафти фаъолияти Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ директори он профессор Нуралӣ Нурзод гузориш доданд.
Раиси Шӯро, профессор Усмонзода Аюб бо натиҷагирӣ аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дастгирии ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён ва дигар масоили ҷорӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.
Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ ҷамъбаст гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил