Шӯрои олимон: Натиҷагирӣ аз сатҳу сифат ва раванди таълиму тарбия

Дирӯз ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом баргузор гардид.

Натиҷагирӣ аз сатҳу сифат ва раванди таълиму тарбия дар факултети таърих ва ҳуқуқ яке аз масъалаҳои асосии ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ буд. Дар ҷаласа баробари дастовардҳои факултет аз мушкилот низ ёдовар шуда, роҳи ҳалли онҳо муҳокима ва баён гардиданд.

Раиси гурӯҳи корӣ Ӯлмасов Маҳмудҷон оид ба беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионии факултет гузориш дод. Бино ба иттилои раиси гурӯҳи корӣ дар факултет ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чораҳои мушаххас амалӣ карда шуда, имконоту шароити муосири таҳсил фароҳам оварда шудааст. Гуфта шуд, ки дастовардҳои устодони факулта низ назаррасанд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб гуфт, ки барои беҳбуди вазъи интизом дар факултет чора андешида, ба фаъолияти тарбиявӣ тақвият бахшанд. Сарвари донишгоҳ садорати факултетро вазифадор кард, ки дар раванди машғулиятҳои таълимӣ аз усули нави таълим (салоҳиятнокӣ), методҳо ва технологияҳои нав васеъ истифода баранд, ҷиҳати иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳо, озмунҳо, намоишҳо ва соҳиб гаштан ба дастовардҳои назаррас тадбирҳои амалӣ андешанд. Гузаронидани мониторинг оид ба рисолаи хатм, ба роҳ мондани такмили ихтисос ба таври онлайнӣ, назорати раванди таҷрибаомӯзӣ, боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ба беҳбудии сатҳи таълиму тарбия мусоидат мекунанд, таъкид шуд дар ҷаласаи шӯро.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Рухсора Давлатзода доир ба амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионии донишгоҳ ва ширкати устодону донишҷӯён дар барномаҳои байналмилалӣ дар соли таҳсили 2021-2022 гузориш иора намуд.

Раиси гурӯҳи корӣ мудири шуъбаи магистратура, Малоҳатҷон Усмонова дар мавзуи беҳдошти сатҳу сифати рисолаҳои хатм, дипломӣ, магистрӣ ва вазъи риояи Низомномаи рисолаи тахассусии хатм дар кафедраҳои донишгоҳ: вазъи кунунӣ ва дурнамо гузориш дод. Таъкид гардид, ки ҳимояи намунавии рисолаҳои илмӣ ва ба тариқи онлайнӣ гузаронидани онҳо ба манфиати кор ва тақозои замон аст. Ҳамчунин, аз устодон ва масъулини соҳа талаб карда шуд, ки ба таҳлили рисолаҳои хатм эътибори хосса зоҳир кунанд. Тибқи дастури роҳбарияти донишгоҳ минбаъд намунаи рисолаҳои беҳтарин дар сомонаи донишгоҳ низ дарҷ мегардад.

Дар идома ҳисоботи котибони масъули маҷаллаи илмии Толибҷон Хабилов, Шарифҷон Тоҷибоев “Номаи донишгоҳ” бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва дақиқ шунида шуд.

Оид ба баррасии пешниҳоди Комиссияи махсуси кории назди Шӯрои олимони донишгоҳ ҷиҳати аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидани донишҷӯён ва муайян намудани имтиёз ба пардохти маблағи таҳсили донишҷӯён ва магистрантони ятиму бепарастор, маъюби дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсилкунанда, ҳуқуқшинос Саломат Бобоҷонова гузориш ироа намуд.

Дар фарҷом зимни баррасии масъалаҳои зикршуда ва дархосту пешниҳодҳо аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ