​ШУРОИ ОЛИМОН: НАТИҶАГИРӢ АЗ САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ

Имрӯз, таҳти роҳбарии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин дар толори калони раёсати Донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шурои олимон бо фарогирии 6 масъалаи асосӣ баргузор гардид.

Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар факултети санъат: дурнамо ва мушкилот, фаъолияти шуъбаи тарбия дар соли таҳсили 2024-2025, раванди татбиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», вазъи иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шурои олимон ва раёсати Донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025, натиҷаҳои имтиҳоноти ниҳоии сессияи зимистона ва санҷиши марҳилаҳои (рейтинг) якуму дуюми нимсолаи I барои донишҷӯёни низоми фосилавӣ дар соли хониши 2024-2025, фаъолияти маркази тестии донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, деканони факултет ва мудирони кафедраҳоро ба иҷрои пурсамар ва масъулиятшиносонаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони баландихтисосу ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ муваззаф сохт.

Дар охир ба як қатор устодони Донишгоҳ сипоснома, шаҳодатномаи докторӣ, номзадӣ ва дотсентӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ