​Шӯрои олимон: Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълим

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон баргузор гашт.

Сарвари донишгоҳ Усмонзода Аюб ба кори ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуд.

Баъдан, раиси гурӯҳи корӣ, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Муаззам Камолова дар мавзуи “Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣдар факултети забонҳои шарқ: дурнамо ва мушкилот” маърӯза намуд. Дар баромад раванди сифати таълиму тарбия, корҳои таълимӣ – методӣ дар факултети забонҳои шарқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, доир ба камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин, сардори маркази бақайдгирӣ ва машварат Исмоилҷон Маҳмудов дар мавзуи “Натиҷаи триместри сессияи тобистонаи шуъбаи рӯзонаи факултетҳои донишгоҳ дар соли таҳсили 2021-2022, Ромезҷон Абдуллоев - сардори раёсати илм ва инноватсия дар мавзуи “Раванди татбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” дар донишгоҳ” ва Илҳом Каримов- мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар мавзуи “Ҷамъбасти сессияи тобистонаи соли таҳсили 2021-2022 дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) –и донишгоҳ” гузориш ироа намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои мавриди назар профессор Усмонзода Аюб оид ба натиҷаи триместри сессияи тобистонаи шуъбаи рӯзонаи факултетҳои донишгоҳ дар соли таҳсили 2021-2022, раванди татбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”, ҷамъбасти сессияи тобистонаи соли таҳсили 2021-2022 дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ натиҷагирӣ кард. Раиси Шӯро, профессор Усмонзода Аюб бо натиҷагирӣ аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дастгирии ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён ва дигар масоили ҷорӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ