​Шӯрои олимон: Беҳдошти сатҳу сифат, самаранокии раванди таълим ва густариши равобити байналмилалӣ

Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гашт.

Ҷамшед Ҷӯразода ба кори ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Сипас, Аюб Усмонзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия доир ба “Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо эктремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ”, Хайриҷон Ҷӯраева – декани факултети санъати тасвирӣ ва технология перомуни масъалаи “Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши равобити байналмилалӣ дар факултети санъати тасвирӣ ва технология: дурнамо ва мушкилот”, Маҳмалшо Маҳмадшоев, мудири шуъбаи идоракунии сифати тҳсилот доир ба “Рафти фаъолияти семинарҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-назариявии назди кафедраҳо, маҳфилҳои намунавӣ ва сатҳу сифати маводи таълимӣ дар донишгоҳ: вазъи кунунӣ ва дурнамо”, Ромиз Абдуллоев – сардори Раёсати илм ва инноватсия дар мавзӯи “Раванди тадбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” дар донишгоҳ” ва Шараф Раҳмонов – муовини ректор оид корҳои иқтисодӣ-молиявӣ дар мавзӯи “Омодагии донишгоҳ дар мавсими зимистони соли 2021-2022” гузориш доданд.

Зимни баррасии масъалаи якум профессор Ҷамшед Ҷӯразода оид ба ташкил ва баргузории мунтазами чорабиниҳои донишгоҳӣ дар самти муқовимат бо эктремизм ва терроризм, шарҳу тавзеҳи ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо эктремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ибрози назар намуд.

Дар идома роҳбарияти донишгоҳ дурнамо ва мушкилоти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши равобити байналмилалӣ дар факултети санъати тасвирӣ ва технологияро мавриди таҳлил қарор дода, бобоати ташкил ва гузаронидани силсилаи дарсҳои намунавӣ, назорати электронии машғулиятҳои таълимии омӯзгорон, беҳтар намудани раванди таҷрибаомӯзии муҳассислин, аз такмили ихтисос гузаронидани устодон, ба барномаи дурнамои илмӣ-татқиқотӣ мувофиқ намудани мавзӯъҳои корҳои илмии устодон ва амсоли ин андешидани чораҳҳои мушаххасро тақозо намуд.

Зимни баррасии масъалаи сеюм – “Рафти фаъолияти семинарҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-назариявии назди кафедраҳо, маҳфилҳои намунавӣ ва сатҳу сифати маводи таълимӣ дар донишгоҳ: вазъи кунунӣ ва дурнамо” ва масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон - раванди тадбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” масъулин барои баргузор намудани мониторинг аз фанҳои дақиқ ва ҷиҳати ташкил намудани машғулиятҳои иловагӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҷдиди маводи корҳои мустақилона ва ғайра вазифадор карда шуданд.

Ҳамчунин доир ба масъалаи панҷум – “Омодагии донишгоҳ дар мавсими зимистони соли 2021-2022” ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба масъулин ҷиҳати таъмин намудани биноҳои таълимӣ бо низоми гармидиҳӣ супоришҳои мушаххас дод.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ анҷом пазируфт.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ